Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

UNISEF гузориши худро дар Душанбе муаррифӣ мекунад


Лайло Муширӣ-раҳбари намояндагии Бунёди Кӯдаки СММ ё UNISEF дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин созмон натиҷаҳои таҳқиқоти худро роҷеъ ба камбуди ғизои кӯдакон дар Тоҷикистон ба нашр расондааст. Дар ҷараёни таҳқиқот UNISEF дар миёни 4400 кӯдак ва заноне, ки тифли навзод доранд, пурсиш анҷом додааст. Дар ин таҳқиқот ба масъалаи саломатии кӯдакон, миқдори ғизое, ки дар як шабонрӯз ба кӯдак дода мешавад, вазни кӯдак, қади вай ва ба камхунии кӯдак таваҷҷуҳ кардаанд. Ба гуфтаи хонум Муширӣ, таҳқиқоти соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки дар се соли ахир вазъият тақрибан тағир накардааст ва мушкилиҳо боқӣ мондаанд. Намояндагии UNISEF дар Тоҷикистон гузориши худро 2 апрел дар маросиме дар Душанбе муаррефӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG