Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Барчидани наворҳои Манижа аз дискфурӯшиҳо


Манижаи Давлат

Манижаи Давлат

"Тоҷиккино" барои аз фурӯш боздоштани як диски таронаҳои Манижаи Давлат дар фурӯшгоҳҳо иқдом кардааст.

Хайриддин Зайниддинов, раиси ширкати "Тоҷиккино" ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо пас аз муроҷиати худи Манижаи Давлат ба ин иқдом даст задаанд. Ба қавли ӯ, диски мазкур аз панҷ суруде иборат будааст, ки Манижаи Давлат дар тӯйҳо ҳанӯз дар соли 2002-юм ва баъдан дар Афғонистон иҷро кардааст.

Масъули "Тоҷиккино" мегӯяд, ин дискро ба таври ғайриқонунӣ "як студияи ношинос" таҳия кардааст, ки сифати навор ва манзараҳои тӯй барои як хонандаи маъруф шоиста намебошад. Ҳатто дар яке аз ин наворҳо Манижа бо димоғи гирифта суруд мехонад.

Ходимони "Тоҷиккино" гуфтанд, ки рӯзи 29-уми март аз ду дӯкони дискфурӯшӣ чанде аз ин наворҳоро барчидаанд. Манижаи Давлат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин наворҳое, ки дар тӯю дар Афғонистон иҷро карда шудаанд, ин студия клип дуруст кардааст, ки комилан ғайриҳирфаӣ буда, ба обрӯи хонанда латма мезанад.

Ба иттилои "Тоҷиккино" ҳамчунин аз ҷониби Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохилӣ дархосте гирифтаанд, ки як хонандае дигар бо номи Рустам хоҳиш кардааст, то албоми таронаҳои ӯ низ аз фурӯшгоҳҳо бардошта шавад.

Манижаи Давлат, овозхони маъруфи тоҷик, қариб ҳафт сол инҷониб рӯи саҳнаи ҳунар набуд. Аммо ахиран таронаеро бо номи "Осмон боронист" сабт кард, ки матни онро Ҳоруни Роъун, шоири афғон, ки солҳо дар Тоҷикистон зиста ва ҳоло дар Торонтои Канада ба сар мебарад, навиштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG