Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Китобе дар бораи А. Зоҳир ва таронаҳои вай дар сабки ғарбӣ


Чопхонаи "Бухоро" китоби рӯзноманигор Султони Ҳамадро бо номи "Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб" ба нашр расонд. Дар китоб дар бораи зиндагии Аҳмад Зоҳир низ маълумот гирд оварда шудааст. Ба гуфтаи муаллиф, дар китоби нав аслан таронаҳое ҷой дода шудаанд, ки овозхон дар сабки ғарбӣ иҷро кардааст.

Баъзе таронаҳои Аҳмад Зоҳир дар тақлид ба мусиқии испаниявӣ, фаронсавӣ ва италиявӣ иҷро шудаанд. Масалан, таронаи "Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ..."-ро дар ҳавои оҳанги маъруфи испониёии "Лапалома" сурудааст. Бо ин оҳанг ду ҳазор овозхонҳои ҷаҳон бо забонҳои худ тарона иҷро кардаанд.
XS
SM
MD
LG