Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори президент аз имкони резиши тарма ва селоб


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мақомдорони кишвар дастур додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз хатари тармаву ярч, обхезӣ ва боронҳои шадиди баҳорӣ омода бошанд. Ӯ гуфтааст, "дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ситоди омодагӣ ва огоҳсозии мардум аз хавфи офатҳои табиӣ" таъсис дода шавад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, дар рӯзҳои наздик маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ коҳиш дода мешавад ва корхонаҳои саноатиро зарур аст, ки корро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монанд.
XS
SM
MD
LG