Пайвандҳои дастрасӣ

Сармояҳои бештари Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Рӯзи панҷшанбе нахуствазири Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ иҷрои тарҳҳои энержӣ ва соҳилбандиро баррасӣ кард. Ҷонибҳо ёдоварӣ карданд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 9 тарҳи муштарак бо Бонки Ҷаҳонӣ иҷро мешавад ва арзиши он 160 миллион долларро ташкил медиҳад. 16 март Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ роҷеъ ба сармоягузориҳои изофӣ ду қарордоди дигар имзо карданд. Тибқи ин қарордодҳо Бонки Ҷаҳонӣ 18 миллион доллари дигар ба Тоҷикистон медиҳад. Ин маблағ барои иҷрои тарҳи коҳиши нируи барқ истифода мешавад. Бонки мазкур барои рушди устувори кишоварзӣ дар Тоҷикистон 10 миллиони дигар хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG