Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи интихобии осиёӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ талош хоҳанд кард.

Ин мусобиқа оид ба гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва гуштии занона аз 30-юми март то 1-уми апрел дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона баргузор мешавад.

Барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон – 2012 намояндагони 21 кишвар мубориза хоҳанд бурд: Аморати Муттаҳидаи Араб, Вйетнам, Ироқ, Қазоқистон, Камбоҷа, Қатар, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Муғулистон, Сурия, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон, Узбакистон, Урдун, Филиппин, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон, Эрон, Яман.

Ба иттилои Федеросиюни гуштии Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар даҳ варзишгар – ҳафт нафар оид ба гуштии озод ва се нафар оид ба гуштии юнониву румӣ ё фарангӣ дохиланд.

Дар сабқати гуштии озод Тоҷикистонро Николай Ноев (55 кг), Фарҳоди Усмонзода (60 кг), Зелимхон Юсуфов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Искандари Рустам (96 кг) ва Эраҷ Холов (120 кг) намояндагӣ мекунанд.

Дар сабқати гуштии юнониву румӣ се паҳлавони тоҷик - Манучеҳр Аллаев (84 кг), Ҳабибулло Абдуллоев (96 кг) ва Муродҷон Тӯйчиев (120 кг) ширкат хоҳанд кард.

То Олимпиадаи Лондон се мусобиқаи литсензионӣ ё роҳхатгирӣ баргузор мешавад. Баъди сабқат дар Остона ду мусобиқаи дигар рӯзҳои 25-29-уми апрел дар шаҳри Тайюани Чин сурат мегирад. Ин аввалин сабқати ҷаҳонии интихобии олимпӣ мебошад.
Сабқати дувуми ҷаҳонии интихобии олимпӣ рӯзҳои 2-6-уми май дар пойтахти Финляндия - шаҳри Хелсинки борпо мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG