Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали амрикоӣ: "Ҳамла азми Эронро қавитар мекунад"


Ҷеймс Картрайт
Ҷеймс Картрайт

Ҷеймс Картрайт дар Сенати Амрико гуфт, “бомбборон чун дар Ироқу Афғонистон афкори мардумро тағйир намедиҳад."

Генерал Ҷеймс Картрайт, муовини пешини раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико мегӯяд, ҳамла ба Эрон азми ин кишвар барои сохти бомби атомиро қавитар хоҳад кард. Ӯ гуфт, "ҳамла ба Эрон, ғолибан азми Эронро қавитар хоҳад кард, ба таъбири дигар, онҳоро барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ ташвиқ хоҳад кард."

Ин фармондеҳи олирутба дар аҳди раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буш ва ҳам Барак Обама, дар як нишасти машваратии Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико дар бораи сиёсати ин кишвар дар қиболи Эрон сӯҳбат кард. Вай гуфт, аз он нигарон аст, ки “бомбборон чун дар Ироқ ва Афғонистон афкори мардумро тағйир намедиҳад.”

Ба гуфтаи генерали амрикоӣ, Эрон метавонад, “дар муддати як сол” бомби хоми атомӣ бисозад. Аз ин пеш, раҳбарони бархе аз кишварҳои дунё низ изҳор доштанд, ки ҳамла ба Эрон роҳи ҳалли масъала нест. Онҳо пешниҳод доранд, ки бояд бӯҳрони ҳастаии Эрон аз роҳи гуфтугӯ ҳал бишавад, на ҳамла.

Бо ин вуҷуд, Эрон гуфтааст, ба ҳар кишваре, ки ба Эрон ҳамла мебарад, ҷавоби муносиб хоҳад дод. Чанде пеш генерал Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи Горди инқилоб изҳор дошта буд, ки ҳар нуқтае, ки аз он ҷо ҳамла ба Эрон оғоз шудааст, мавриди ҳамлаи ҷавобӣ қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG