Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд 93 фисад аз заминҳои Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аммо то ҳол ихтисосу касбҳои равияи кӯҳӣ-металлургӣ дар байни мардуми ин кишвар маъруф нестанд.

Албатта, дар ин самт проблемаҳо хеле зиёданд. Аз он ҷумла, ба фикри банда, аз оғози ташкилёбии ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон, бе назардошти он ки қсимати аслии қаламрави кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, онро аграрӣ номиданд. Дар ин замина мардумро ба деҳқонӣ ҷалб намуданд ва талош шуд, то фурӯпошии Шӯравӣ насли наврас дар самти интихоби касб ба равияҳои кӯҳӣ-металлургӣ назаре накунанд. Чунин шуд, ки мо то ба ҳол вазорати геология надорем!

Мо чанд вақт пеш бистсолагии озодии кишварро ҷашн гирифтем. Шояд акнун Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазорати комилҳуқуқ табдил ёбад. Инчунин, вазорати маориф дар самти омодасозии кадрҳои равияҳои асоситарини пешбурди иқтисодии кишвар, ки мутахассисони равияҳои кӯҳӣ-металлургианд, талош ба харҷ диҳад.

Қаблан дар торнамои "Озодӣ" пурсишҳое чун "Ихтисоси сердаромад" ва ғайра гузаронида шуд, ки баёнгари назари мардум ба музди меҳнати коргарони соҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон буд. Ростӣ, то ба ҳол дар байни мардум оиди интихоби касб ва пешбурди зиндагии худ фикрҳои гуногун ҷой дорад ва бисёриҳо дар бораи даромади молиявии кормандони равияи ҳуқуқӣ бештар баҳс кардаанд.

Мувофиқи нашри хулосаи созмони ҷомеашиносии Чин ихтисоси ояндаи дунё - ин табиб, иқтисоддон ва муҳандис хоҳад буд, вале ихтисоси ояндаи мардуми Тоҷикистон бояд чӣ бошад?

Банда ҳангоми навиштани ин матлаб аз донишҷӯёни Туркманистон, Хитой, Узбакистон, Африқо ва ғайра пурсидам, ихтисосе, ки онҳо дар донишгоҳҳои Русия меомӯзанд, чист. Ҳама дар равияи омӯзиши сарватҳои табиии кишвари худ таҳсил мекарданд, ки ин ихтисосҳои муҳандисии соҳаи нафту газ, металлургияи металлҳои ранга ва нодир, геологӣ, геофизикӣ, корҳои чоҳканӣ ва сангшиносиро дар бар мегирад.

Банда фикр мекунам, ки ба ҷуз аз бартарият бахшидан ба омӯзиши соҳаҳои кӯҳӣ-металлургӣ роҳи дигаре надорем. Омӯзишу коркарди канданиҳои фоиданок ва захираҳои табиии Тоҷикистон омили пешрафт ва зиндагии хуби мардуми кишвар хоҳад буд. Дар ин замина аз макотиби миёна шавқу ҳаваси интихобу омӯзиши ин ихтисосҳоро ҷой намудан лозим мебошад.

Барои омодасозии мутахассисони ин соҳа дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи Миллӣ, дар вилояти Суғд Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ, дар вилояти Хатлон Донишкадаи энергетикӣ ва дар Вилояти Бадахшон Донишгоҳи Хоруғ фаъолият менамоянд. Инчунин дар пойтахт филиали донишгоҳҳои маъруфи Русия дар ин самт фаъолияти худро оғоз кардаанд.

Набудани ҷои кор омили муваққатӣ аст! Ҷойҳои корӣ бо кушодашавии корхонаҳои нави саноатӣ пайдо мешаванд. Аз ҳама даъват мекунам, ки ба наздикони худ интихоби касбҳои равияҳои кӯҳӣ-металлургиро тавсия кунед. Зеро ин касб ояндаи Тоҷикистон ва дунё хоҳад буд.

Насриддинов З.З.
Эксперти сангҳои қимматбаҳо аз Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG