Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе боду обу офтоб. Ихтирои "нодир"-и як зиндонии тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як маҳбуси зиндони ноҳияи Ваҳдат тарҳи нерӯгоҳеро кашидааст, ки бидуни боду обу офтоб барқ тавлид хоҳад кард.

Даврон Абдураҳимов, як маҳбуси тоҷик, ки бо ҷурми тамаъҷӯӣ 10 сол зиндонӣ шуд, тарҳи нерӯгоҳи хурди барқиеро сохтааст, ки баландиаш 4 метр буда, 3 кВт барқ тавлид мекунад.

Ин маҳбус, ки ҳоло дар зиндони ноҳияи Ваҳдат ба сар мебарад, гуфтааст, агар раисиҷуҳмур ӯро аз зиндон озод кунад, нерӯгоҳи аз ин бузургтар бунёд хоҳад кард. Даврон Абдураҳимов дар як муроҷиат ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ихтирои худро "даврзанандаи механикии барқдиҳанда" унвон карда, навиштааст, дар сурати доштани шароити беҳтар метавонад дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон саҳм бигирад.

Муслим Абдураҳимов, бародари ин марди зиндонӣ ихтирои ӯро ин гуна тавсиф кард: "Бе бод, бе об, бе офтоб онро истифода карда мешавад, яъне худкор (механикӣ) аст. Агар калон кунед, ба монанди чархофалаки паркҳои бачагона мешавад, ки як ноҳияи кишварро бо барқ таъмин хоҳад кард."

Даврон дар номааш ба раисҷумҳур навиштааст, ин нерӯгоҳ дар олам назир надорад, ба муҳити зист зарар намерасонад ва метавонад то 100 сол хизмат кунад. Ӯ гуфтааст, агар аз маҳбас озод шавад, ин нерӯгоҳро дар як моҳ фаъол хоҳад кард.

Даврон Абдураҳимов, сокини 26-солаи Душанбе, соли 2010 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба мӯҳлати 10 сол зиндонӣ шуд. Соли гузашта ба дунболи эълони қонуни афв 2 сол аз муҳлати ӯ кам карда шуд ва ҳоло агар озод нашавад, шаш соли дигар бояд дар зиндон бошад. Муслим Абдураҳимов мегӯяд, бародараш Даврон ноновари асосии хонавода буда, дар баробари сарнавишти фарзандон масъулияти падари бистариашро низ дар дӯш дорад.

Меҳрубон Раҳмонов, вакили дифои Даврон Абдураҳимов, нафари таҳти ҳимояташро як ҷавони зираку босавод унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ бо иштибоҳи кӯчаке дар зиндагӣ ба зиндон афтодааст:
"Ба ман гуфтанд, ҳамин гуна як ихтироъ кардааст, ки барқ медиҳад. Мо як мактуб омода кардем ва ман ба наздиконаш онро дода, гуфтам, ки ба мақомоти дахлдор баранд." Даврон Абдураҳимов аз аввалин зиндониҳост, ки мехоҳад бо нерӯи ақлонии худ роҳашро ба сӯи озодӣ боз кунад. Аммо масъулини Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон тарҳи нерӯгоҳи ӯро ҳанӯз нокомил арзёбӣ мекунанд.

Илҳом Маҳмудов, муовини сарвари Сарраёсат мегӯяд, шахсан барои Даврон тамоми шароитро фароҳам сохтааст, ки корашро то ба охир расонад. Ба қавли ӯ, дар ихтирои ӯ ҳанӯз камбудҳо мушоҳида мешаванд, ки касро ба шубҳа меоранд:
"Гуфтам, ки ту макетро омода кун, ман мутахассисони "Барқи тоҷик"-ро гирифта меорам, ҳамин ҷо бо энергетикҳо маслиҳат мекунем. Гуфт, хуб. Агар ба ҳақиқат наздик ояд, мо худамон тарҳи ӯро амалӣ мекунем. Ба ҳақиқат, ки наздик шуд, мо рӯзноманигоронро даъват мекунем, ҳамаро нишон медиҳем."

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров
Аммо ҷаноби Маҳмудов гуфт, ҳатто дар ҳоли муваффақ будани тарҳи Даврон Абдураҳимов тасмими озодии ӯ дар дасти сарраёсати зиндонҳо нахоҳад буд. Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик назари Маҳмудовро тасдиқ кард ва гуфт, озодии зиндониҳо ва ё авф шудани онҳо дар дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд: "Агар ин ҷавон мехоҳад, ки озод шавад, бояд ба раҳбари давлат муроҷиат кунад. Дар ин муроҷиат ихтирои худро бояд асоснок намояд. Роҳбари давлат комиссияи махсус, шӯъбаи махсус дорад. Ин шӯъба метавонад масъаларо омӯзад ва ӯро озод кунад."

Акунун озодии Даврон Абдураҳимов ба он вобаста хоҳад буд, ки ӯ то куҷо метавонад тарҳи нерӯгоҳи худро асоснок кунад ва мақомотро мутақоид созад, ки кори ӯ дар берун аз маҳбас бештар босамар хоҳад буд. Дар навбати худ, масъулон ва наздикони Даврон Абдураҳимов низ умедворанд, ки дар шароити камбуди барқ ин тарҳ таваҷҷӯҳи мақомотро ба худ ҷалб мекунад ва исми ӯ ҳамчун нахустин ихтироъкор машҳур хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG