Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи манобеъи нави газ


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, саъй доранд, то замони қатъи интиқоли газ аз Ӯзбакистон манобеъи нав барои таъмини кишвар бо гази табииро пайдо кунанд. Ба гуфтаи онҳо, давлати Туркманистон омода аст, Тоҷикистонро бо гази табиӣ таъмин кунад, аммо бояд Ӯзбакистон иҷозаи транзити ин газ аз тариқи қаламравашро бидиҳад. Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» мегӯяд: “Мо дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои нави дарёфти гази табиӣ ҳастем, ҳукумати кишвар дар ин масъала кор карда истодааст.” Узбакистон гуфтааст, ки баъди хатми қарордоди содироти газ ба Тоҷикистон дар моҳи март, дигар онро тамдид нахоҳад кард, зеро барои муштарии дигараш Чин гази кофӣ барои фурӯхтан надорад.
XS
SM
MD
LG