Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ироқ мегӯяд, қатъномаи Сурия чизи наве надорад


Ҳушёр Зибарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ, гуфт, дар нишасти сарони Иттиҳодияи Араб қатъномае дар бораи Сурия қабул хоҳад шуд, ки “ҳеҷ чизи нав” надорад, вале талошҳои байналмилалӣ барои хотима додан ба муноқишаи яксола дар Сурияро мукаммал хоҳад кард. Ҳушёр Зибарӣ дар ин бора рӯзи панҷшанбе баъди мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви иттиҳодия дар шаҳри Бағдод сӯҳбат кард. Қарор аст, имрӯз раҳбарони тақрибан нисфи 22 аъзои Иттиҳодияи Араб дар нишаст ширкат кунанд. Аммо Арабистони Саудӣ, аз кишварҳои бонуфузи арабӣ намояндаи баландпояи худро ба нишаст намефиристад. Узвияти Сурия дар созмон муттавақиф шудааст. Нишаст дар минтақаи сабз, аз маҳалҳои амнтарини шаҳри Бағдод баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG