Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия пешниҳодҳои арабҳоро намепазирад


Давлати Сурия мегӯяд, ҳаргуна пешниҳод аз нишасти Иттиҳодияи Араб барои хотима додан ба муноқишаи яксола дар он кишварро нахоҳанд пазируфт. Ҷиҳод Мақдиссӣ,сухангӯи вазорати умури хориҷии Сурия, гуфт, “Сурия дар ҳеҷ сатҳе бо Иттиҳодияи Араб ҳамкорӣ нахоҳад кард.” Иттиҳодияи мазкур, ки 22 аъзо дорад, узвияти Сурияро муттавақиф кардааст, то аз ин роҳ ба раиси ҷумҳур Башшор Асад фишор биёрад, ки ба саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарони мухолифи давлат хотима диҳад. Ба гуфтаи Ҷиҳод Мақдиссӣ, баъди маҳрум шудан аз ҳаққи узвият, Сурия бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб дар сатҳи дуҷониба иртибот дорад: "Аз замони муттавақиф шудани узвияти Сурия дар Иттиҳодияи Араб, мо ҳамкориро ба аъзои иттиҳодия дар сатҳи дуҷониба ба роҳ мондааст. Сурия ҳеҷ гуна қатъномаи нишасти Иттиҳодияи Арабро қабул нахоҳад кард." Рӯзи чаҳоршанбе вазирони умури хориҷии ин иттиҳодияи дар шаҳри Бағдод тарҳи қатъномае дар мавриди Сурияро баррасӣ карданд, ки дар он ҳукумати Башшор Асад хоста шудааст, ба хушунат хотима дода ва бо мухолифони давлат музокира кунад.
XS
SM
MD
LG