Пайвандҳои дастрасӣ

Сарони BRICS дар Ҳинд мулоқот мекунанд


Сарони панҷ кишвари гурӯҳи BRICS, панҷ иқтисоди дар ҳоли тавсиаи ҷаҳон имрӯз дар шаҳри Деҳлӣ доир ба тақвияти ҳамкориҳои байниҳамдигар сӯҳбат хоҳанд кард. Дар гурӯҳи BRICS, Ҳинду Чин, Бразилияву Русия ва Африқои Ҷанубӣ шомиланд. Дар ин кишварҳо 43 дар сади аҳолии курраи Замин зиндагӣ мекунанд ва 22 дар сади тавлидоти нохолиси ҷаҳон аз ҳисоби ҳамин кишварҳост. Дар баробари масоили дигар, пешниҳоди таъсиси бонки муштарак дар ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул, ки нуфузи кишварҳои ғарбӣ дар инҳо зиёд аст, баррасӣ мешавад. Рӯзи чаҳоршанбе вазирони молияи ин панҷ кишвар мулоқот карданд.
XS
SM
MD
LG