Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виҷай Кумар: "Артиши Ҳинд заъифу нотавон аст"


Виҷай Кумар Сингҳ, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Ҳинд, гуфтааст, артиши кишвараш заъиф аст ва тавоноии дифоъи Ҳиндро надорад. Дар як номаи Кумар Сингҳ, ки ба дасти матбуоти Ҳинд афтодааст, ӯ ба нахуствазир гуфтааст, системаи дифоъи зиддимушакии Ҳинд “97 дар сад фарсуда” шудааст, артиш ба таҷҳизоту ҷангафзорҳо мӯҳтоҷ аст ва “тонкҳо тирҳои лозим барои маҳви тонкҳои душман надоранд”. Вазири дифоъи Ҳинд гуфтааст, ки ба ин масъала расидагӣ мекунад, аммо ифшои нома сиёсатмадорони тамоми аҳзоби Ҳиндро ба хашм овардааст, ки хостори истеъфои Виҷай Кумар Сингҳ шудаанд. Ҳинд тайи чанд соли ахир ба муҷаҳҳаз кардани артиши худ шурӯъ кард ва ҳоло яке аз харидорони асосии аслиҳа дар ҷаҳон шудааст.
XS
SM
MD
LG