Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти чорвои зиёд дар Қирғизистон


Порлумони Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе, масъалаи расондани кӯмакҳои фаврӣ ба чӯпонҳо дар манотиқи дурдастеро баррасӣ кард, ки ҳазорон сар аз чорвояшон аз гуруснагӣ мемиранд. Зимистони тӯлонӣ, роҳҳои пурбарф вазъ дар чарогоҳҳои ҷанубушарқи Қирғизистонро бисёр бад кардааст ва то кунун 20 ҳазор сар аз чорво дар ин минтақа талаф шудааст. Нурлан Сулаймонов, вакили порлумони Қирғизистон, гуфт, чӯпонҳо дар минтақаи Чонг Олой ба ним миллион тонна коҳ ва 15 ҳазор тонна навъи дигари ғизои чорво ниёз доранд. Эсенгул Исҳоқов, яке аз вакилони дигар аз ҳамтоёнаш хостааст, музди кори якрӯзаи худро барои иҷора гирифтани ҳавопаймоҳои хориҷӣ дар фурудгоҳи Манас ва Кант хайр кунанд, то бо истифода аз ин ҳавопаймоҳо ба мардуми мӯҳтоҷи рустоҳои дурдаст кӯмакҳои лозимӣ расонида шавад.
XS
SM
MD
LG