Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали хабарнигори тоҷик дар Барселона


Давлаталӣ Шамсов
Давлаталӣ Шамсов

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори телевизиони вилоятии «Хатлон», дар дави марафонии ҷаҳонӣ дар шаҳри Барселонаи Испания бо нишони хотиравӣ сарфароз гашт.

Дар ин пойга беш аз 20 ҳазор варзишгар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат дошт. Давлаталӣ Шамсов танҳо варзишгарест, ки минтақаи Осиёи Марказиро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ намояндагӣ кард.

Ӯ рӯзи 28-уми март тавассути телефон аз шаҳри Барселона ба «Озодӣ» гуфт, «Дар дави марафонии ҷаҳонӣ дар гурӯҳи бузургсолон (аз 60-сола боло) иштирок доштам. Дар пойга ба масофаи 42 километру 195 метр, ки дар гурӯҳи мо бо ширкати беш аз 6000 варзишгар баргузор шуд, мақоми 16-умро касб кардам ва бо медали хотиравӣ сарфароз гаштам.»

Давлаталӣ Шамсов, ки узви Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон мебошад, барои бори нӯҳум дар дави марафонӣ ширкат кардааст.
XS
SM
MD
LG