Пайвандҳои дастрасӣ

HRW: "Занони афғон аз ҳуқуқи худ маҳруманд"


Як зани зиндонии афғон (акс аз бойгонӣ)

Як зани зиндонии афғон (акс аз бойгонӣ)

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки низоми додгустарии Афғонистон алорағми ваъдаҳои Ҳомид Карзай барои таъмини беҳтари ҳуқуқи занон ба пешравии андаке даст ёфтааст.

Созмони байналмилалии Human Rights Watch мегӯяд, ки дар Афғонистон ҳамоно занҳоро барои, ба истилоҳ, ҷиноятҳои ахлоқӣ зиндонӣ мекунанд. Ин созмон гуфтааст, ки 10 сол баъд аз суқути Толибон, занҳоро барои фирор аз хушунати хонаводаӣ ё доштани равобити ҷинсӣ бо мардони бегона, ба зиндон меандозанд.

Ҳоло дар маҳбасҳои Афғонистон наздик ба 400 зан барои содир кардани ҷиноятҳои ахлоқӣ ба сар мебаранд. Гузориши мазкур бар пояи мусоҳиба бо 58 зан, ки ғолибан барои равобити номашрӯи ҷинсӣ зиндонӣ шудаанд, ва ҳамчунин бо додситонҳову додгустарҳо ва фаъолони ҳуқуқи башар таҳия шудааст.


Яке аз раҳбарони ин созмон Кеннет Рот зимни муаррифии гузориш дар Кобул гуфт, ки хости созмони Дидбони ҳуқуқи башар ин аст, ки президент барои аз қонун ҳазф шудани банди “фирор аз манзил” ба унвони як ҷиноят талош кунад ва гузашта аз ин, шахсони онҳоро ранҷонда, на худи қурбониҳо ба муҷозот кашида шаванд:

“Занҳо ҳамоно дар муқобили издивоҷҳои маҷбурӣ, хушунати хонаводагӣ ва таҷовуз заъфпазир ҳастанд ва агар ҳам онҳо хостанд, ки ин ҳолатро тағйир диҳанд, қонунҳо барояшон чунин иҷозатро намедиҳанд.”

Вай гуфт, хеле муҳим аст, ки ҳақи занҳо дар баробари созиши сулҳ бо Толибон қурбон нашавад. “Сулҳ бояд бар пояи эҳтироми ҳуқуқи ҳама сокинони Афғонистон, аз ҷумла 50 дарсади ин ҷамъият, ки занҳо мебошанд, бунёд шавад”, афзуд ин фаъоли ҳуқуқи башар.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG