Пайвандҳои дастрасӣ

Булғористон аз сохтмони нирӯгоҳи ҳастаӣ ҳамроҳ бо Русия даст кашид


Як мақоми Булғористон гуфт, ки София аз қарори сохтмони нирӯгоҳи ҳастаӣ бар фарози рӯди Днепр ҳамроҳ бо ширкати русии “Атомстройэкспорт” даст мекашад. Муовини вазири молияи Булғористон Владислав Горанов гуфт, ки нирӯгоҳи ҳастаӣ дар шаҳри Белене сохта намешавад ва бар ивази он яке аз ду реакторҳо бо иқтидори ҳазор мегават дар нирӯгоҳи Козлодуй, дар шимолуғарби Булғористон насб хоҳад шуд. Матбуот мегӯяд, ки ин мавзӯъ ҳафтаи ҷорӣ дар як сӯҳбати нахуствазир Бойко Борисов ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки баҳси сари пайдо кардани пули сохтмон бо арзиши 935 миллион доллар аз ҳисоби сармоягузорҳои ғарбӣ сабаби даст кашидани Булғористон аз ин барномаҳо шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG