Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа як ҷавони 26-соларо, ки дар фиреби 6 нафар, асосан ҷавондухтарон, муттаҳам дониста мешавад, ба ҳашт соли маҳбас маҳкум кард.

Фаррух Ҳоҷиматов, ба иддаои додситонӣ, бо роҳи найранг бо ҷавондухтарони маҳаллӣ шиносоӣ пайдо карда, аз онҳо молу мулк ва ҷавоҳироташонро мерабудааст.

Раҳмат Қосимов, муовини раиси додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки Фаррух ҳангоми шиносоӣ ва мулоқот бо духтарон аз ҳунари баланди мутақоидсозӣ ва дилрабоӣ истифода карда, ба онҳо ваъдаи издивоҷ медодааст.

«Ин ҷавон духтараконро фиреб дода, мегуфтааст, ки онҳоро ба занӣ мегирад. Тамоми ҷавоҳироту зару зеварашон, телефонҳояшонро мерабудааст. Қаллобӣ мекардааст. Агар духтарон розӣ нашаванд, ғорат мекардааст, зӯран мусодира мекардааст. Вай пеш суд шудааст ва ҳанӯз доғи судиаш бардошта нашудааст. Ҳоло бошад, барои ғоратгарӣ, қаллобӣ ва рабудани автомашина маҳкум ба зиндон гардид», - гуфт Р. Қосимов.

Гулсара Маъруфова, яке аз ҷабрдидаҳо дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, бо Фаррух охирҳои соли гузашта дар ноҳияи Вахш шиносоӣ пайдо карда, мафтуни суханҳои лутфомезу чеҳраи назаррабояш гардид. Фаррух бо баҳонаи ин ки ҷашни мавлуд дорад, аммо нафари танҳост, Гулсараро ба тановули ғизо дар тарабхона даъват карда, дар поёни мулоқот аз ӯ телефони мобилӣ ва гарданбанди тиллоӣ, ҳамчунин шаш адад ангуштарӣ ва як ҷуфт гӯшвори тиллоияшро гирифтааст. Фаррух ба Гулсара гуфтааст, ки волидонаш одамони бебизоату нодор ҳастанд ва наметавонанд ба арӯси хонадон ҳадяҳои тиллоӣ кунанд. Биноан, модараш ҳангоми ба хостгорӣ омадан, ҷавоҳироташро ба Гулсара боз пас хоҳад дод.

Фаррух Ҳоҷиматов қаблан ҳам бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ба синни 16 нарасидааст, ба ду соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шуда буд ва то замони дубора боздошт шуданаш, доғи судияш бардошта нашудааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, ҳоло ҳамчунин молу мулки Фаррух мусодира шуда, вай дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр нигаҳдорӣ хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, аз ҳисоби дороиҳои Фаррух Ҳоҷиматов ба фоидаи духтарони ҷабрдида қариб 10 ҳазор сомонӣ рӯёнида хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG