Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоул Мофаз раҳбари ҳизби "Кадима"-и Исроил интихоб шуд


Собиқ вазири дифои Исроил ва раҳбари артиш Шоул Мофаз раҳбари нави ҳизби марказгарои “Кадима”, ҳизби бузургтарини оппозитсионии ин кишвар интихоб шуд. Бар тибқи натиҷаҳои интихоботи ҳизбӣ, Шоул Мофази зодаи Эрон бо бурдани 62 дар сади овозҳо раҳбари амалкунанда Тсипӣ Ливнӣ, вазири собиқи умури хориҷии Исроилро мағлуб кард. Дар паи овоздиҳӣ Мофаз гуфт, ки корзоре барои аз вазифа барканор кардани нахуствазир Бенямин Нетаняҳу, ки аз ҳизби миллатгарои “Ликуд” аст, шурӯъ шуд. Соли 2009 дар интихоботи парлумонии Исроил, “Кадима”, ки аз миёни собиқ аъзои ҳизби “Ликуд” ташкил шуда буд, аз худ ба унвони як ҳизби муқтадири оппозитсионӣ дар парлумони Исроил дарак дод. Соли 2005 Мофаз ва ҳам Ливнӣ аз нахуствазири собиқ Ариэл Шарон пайравӣ карда, аз ҳайати “Ликуд” берун рафтанд ва ҳизби нави оппозитсиониро ташкил карданд.
XS
SM
MD
LG