Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистон аз ҷилавгирии "амали террористӣ" хабар дод


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, нирӯҳои амниятӣ нақшаи ҷиддии “террористиро”, ки, ба қавли муфаттишон аз ҷониби бонкдори фирорӣ Мухтор Аблиёзов, аз мухолифони режими президент Нурсултон Назарбоев таҳия шудааст, хароб карданд. Дафтари додситони кулли Қазоқистон бо пахши изҳороте гуфт, ки нақшаи тарҳрезишуда дар марҳилаи аввалияаш хароб карда шуд. Онҳо гуфтанд, ки раҳбарони шабака мехостанд рӯзи 24 март як силсила таркишҳоро дар боғу сохтмонҳои маъмурии шаҳри Алмаато ташкил кунанд. Ба қавли онҳо, нафарони боздоштшуда аллакай дар ин замина баёнот додаанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки нақшаи ташкили амали террористӣ аз ҷониби раҳбари хадамоти амнияти шахсии Аблиёзов – Александр Павлов тарҳрезӣ шуда буд. Павлов аз соли 2005 раҳбарии гурӯҳи муҳофизони Аблиёзовро раҳбарӣ мекард ва се соли пеш Қазоқистонро тарк кард. Худи Аблиёзов соли 2009, баъди он ки мақомоти кишвар назоратро бар бонки БТА-и ӯ ба даст оварданд, маҷбур шуд Қазоқистонро тарк кунад.
XS
SM
MD
LG