Пайвандҳои дастрасӣ

Автобусу тракторҳои туркманӣ аз бензини бепул маҳрум хоҳанд шуд


Ҳукумати Туркманистон эълон кард, ки ронандаҳои автобусу мошинҳои борбар ва тракторҳо шурӯъ аз моҳи июл аз ҳақи дастрасӣ ба бензини бепул маҳрум мешаванд. Мақомот гуфтанд, ки соҳибони ин навъи мошинҳо акнун аз имконияти бепул гирифтани 1200 литр сӯзишворӣ дар ҳар шаш моҳ бо иллати роҳ додан ба фасод ва напардохтани молиёт маҳрум мешаванд. Мақомот мегӯянд, ки соҳибони нақлиёте, ки то 3,5 ҳазор тонна вазн доранду ҳашт мусофирро ҷо дода метавонанд, мисли пештара ҳар ним сол ба гирифтани 720 литр бензини бепул ҳақ хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG