Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори амрикоиҳои тарафдори идомаи ҷанг дар Афғонистон коҳиш меёбад


Аз се ду ҳисса ва ё наздики 70 дар сади ҷамъияти ИМА гуфтаанд, ки Амрико набояд ба ҷанги Афғонистон дахолат кунад. Ин дар ҳолест, ки чаҳор моҳи пеш мухолифати худро бо ҳузури низомии кишварашон дар Афғонистон танҳо 53 дар сади амрикоиӣ баён карда буданд. Коҳиши шумори тарафдорони ҷанг бо куштори сарбозони НАТО аз ҷониби нирӯҳои афғонӣ ва қатли 17 шаҳрванди мулкии Афғонистон аз ҷониби як сарбози амрикоӣ иртибот мегирад.

Назархоҳӣ ҳамчунин ҳокист, ки 68 дар сади талошҳо дар Афғонистон ба шеваи “бад” ё “хеле бад“ иҷро мешавад. Ҳанӯз моҳи ноябр ба ин ақида танҳо 42 дар сади амрикоиҳо эътимод доштанд. Дар баробари ин, шумори онҳое ҳам афзоиш ёфтааст, ки бовар доранд, сарбозони амрикоӣ бояд пештар аз соли 2014, ки чун мӯҳлати ниҳоии берункашии нирӯҳо муқаррар шудааст, ба ватан баргарданд.


Вале дар вокуниш ба ин назархоҳӣ мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки зимни тасмимгириҳои низомӣ дар Афғонистон вобастаи назархоҳиҳо намешаванд. Ба ин мавқеъ Леон Панетта, вазири дифои ИМА дар як суханрониаш дар нишасти вазирони дифои Амрикои Шимолӣ таъкид кард ва гуфт, ки натиҷаҳои афкори умум ҷараёни амалиёти низомӣ дар Афғонистонро “дикта” карда наметавонад:


“Мо ҷангро бар пояи натиҷаҳои назарпурсиҳо пеш бурда наметавонем. Агар ба ин тарз пеш равем, пас мо дучори мушкилоти амиқ будаем. Мо бояд бар пояи эътимоди худ ба беҳтарин стратегияи дастёбӣ ба рисолати худ амал кунем. Рисолат дар таъмини амнияти кишвари мост, то ки Толибон ва Ал-Қоида дигар Афғонистонро паноҳгоҳи амни худ напиндоранд”.
XS
SM
MD
LG