Пайвандҳои дастрасӣ

27-уми март дар “Наврӯзгоҳ” (собиқ Ипподром)-и шаҳри Душанбе пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор шуд.

Мирзоалӣ Холов, раиси Федератсияи пойгаи аспдавонии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, дар ин мусобиқа, ки бо ибтикори шаҳрдории Душанбе баргузор шуд, аспҳои зотҳои тоҷикиву инглисӣ рақобат карданд.

Ӯ афзуд, пойга аз 10 давр иборат буд ва масофаи 1600 метрро дар бар мегирифт. Ғолибони 9 даври интихобӣ ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври ҳалкунанда аспи лақабаш «Вибралон», аз хоҷагии деҳқонии “Дошмандӣ”-и ноҳияи Файзобод, савораи он Лутфулло Муродов, бо натиҷаи 1 дақиқаву 13 сония ғолиб шуд ва соҳиби Ҷоми “Наврӯз-2012” гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG