Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди се муассисаи тиббӣ дар Панҷакент бо кӯмаки Ҷопон


Шаҳри Панҷакент (акс аз бойгонӣ)
Шаҳри Панҷакент (акс аз бойгонӣ)
Дар ноҳияи Панҷакент дар рӯзҳои Наврӯз се муассисаи тиббие, ки бо кӯмаки Ҷопон ва Барномаи рушди СММ сохта шуданд, мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла дар ҷамоати Шинг як беморхона барои 20 нафар ва маркази саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, барномаи рушди СММ харидории масолеҳи сохтмонии ин муассисаҳоро сармоягузорӣ карда ва иншооти мазкур бо кӯмаки мардуми маҳал ва тавассути ҳашари умумӣ сохта шудаанд. Ҳамчунин бо кӯмаки сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, зоишгоҳи ноҳияи Панҷакент бозсозӣ шудааст. Зоишгоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосири тиббӣ низ муҷаҳҳаз ва мавриди истифода қарор дода шудааст.
XS
SM
MD
LG