Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳодисаи ғайриоддӣ дар як ҳавопаймои Амрико


Рафтори ғайриоддӣ ва воҳимабарангези капитани як ҳавопаймои ширкати Ҷет Блу дар Амрико, сабаб шудааст, ҳавопайморо дар дигар шаҳр фуруд оранд. Ба гуфтаи мусофирони ҳавопаймо, ки аз Ню Йорк ба Лас Вегас парвоз мекард, капитани ҳавопаймо ба миёни мусофирон омада доду фиғон бардоштааст, ки Эрону Ироқу Афғонистон хатаранд ва ҳавопайморо сарнагун хоҳанд кард. Ба гуфтаи мусофирони дигар капитан ҳамчунин бо доду фарёд доир ба Ал-қоида ва бомб дар дохили ҳавопаймо сӯҳбат кардааст. Баъди ин ҳодиса мусофирон ӯро ором карда ва халабони дуввум ҳам ӯро дигар ба кабинаи ҳавопаймо роҳ надодааст. Ҳавопаймо дар шаҳри Техас фуруд омада ва мусофирон бо ҳавопаймои дигаре ба Лас Вегас парвоз кардаанд.
XS
SM
MD
LG