Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон мегӯяд, Башшор Асад беаҳдии зиёд кардааст


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико дар вокуниш ба хабари мувофиқати раиси ҷумҳури Сурия ба барномаи сулҳи фиристодаи Созмони Милал гуфтааст, кишвараш на аз гуфтаҳои Башшор Асад, балки самимият ва ҷиддият дар амалҳояш қазоват хоҳад кард. Ҳилларӣ Клинтон афзуд, Башшор Асад, “собиқаи аҳдҳои зиёд додану беаҳдӣ карданро” дорад: "Агар Башшор Асад, омодаи бастани ин сафҳаи торик дар таърихи Сурия аст, пас бояд фавран ба нерӯҳояш амр диҳад, ки тирандозиро бас кунанд ва маҳалҳои аҳолинишинӣ берун шаванд ва он омодагиашро собит кунад." Дастёрони Кофӣ Анон, фиристодаи вижаи Созмони Милал таъйид карданд, ки номаи ризоияти Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ба барномаи сулҳи дабири кулли Созмони Милалро гирифтаанд. Дар ин барнома аз давлати Сурия хоста шудааст, ба хушунатҳо фавран хотима дода, бигзорад, то ба маҳалҳои муҳосирашуда кӯмакҳои башарӣ интиқол дода шавад ва бо мухолифини давлат муколама оғоз кунад. Вазири умури хориҷии Амрико ба мухолифини давлати Сурия ҳушдор додааст, ки “возеҳан нишон диҳанд, ки ба ҳаққу ҳуқуқи тамоми мардуми Сурия эҳтиром хоҳанд гузошт.“ Ба гуфтаи Созмони Милал баъди оғози тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия дар як соли пеш то кунун бештар аз 9 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG