Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев барои ширкат дар BRICS ба Ҳинд рафт


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия вориди Деҳлӣ шуд ва қарор аст шоми чаҳоршанбе бо раҳбарони Ҳинду Чин, Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ узви гурӯҳи БРИКС мулоқот кунад. Мулоқоти ин раҳбарон ду рӯз идома мекунад. Бори чаҳорум аст, ки сарони ин иқтисодҳои бузурги дар ҳоли тавсиа гирди ҳам меоянд. Қарор аст онҳо вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ дар остонаи нишасти Гурӯҳи Ҷи-20, амнияти ҷаҳонӣ ва дигар масоилро баррасӣ кунанд. Бино ба гузоришҳо, раҳбарони панҷ кишвар эҳтимолан масъалаи интихоби мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳониро низ баррасӣ кунанд, ки асосан аз кишварҳои ғарбӣ интихоб мешаванд. Гурӯҳи БРИКС мехоҳад, ин меъёр тағйир ёбад ва онҳо ҳам ин ҳақро дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG