Пайвандҳои дастрасӣ

Киштзорҳои кӯкнор ба Тоҷикистон "наздик мешаванд"


Виктор Иванов, раиси Хадамоти федеролии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Русия рӯзи сешанбе дар шаҳри Исломобод бо ҳамтои худ Саид Шакил Ҳусейн, шеваҳои мубориза бо қочоқи чунин маводро баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи Саид Шакил Ҳусейн, кишти кӯкнор дар манотиқи шимолушарқии Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон 50 дар сад афзудааст ва теъдоди корхонаҳои тавлиди ҳероин низ дар ҳамин минтақаҳо ду маротиба бештар шудааст. Ба гуфтаи намояндаи покистонӣ, ин тамоюл нишондиҳандаи он аст, қочоқбарон Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳайси бозор барои худ интихоб кардаанд. Виктор Иванов ба ба Саид Шакил Ҳусейн, номи 15 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро додааст, ки дар қочоқи ин мавод даст доранд. Ӯ гуфтааст, ному нишонӣ ва телефонҳои ин 15 нафарро дар даст дорад. Ба гуфтаи Игор Иванов, дар вилояти Бадахшони Афғонистон 600 корхонаи тавлиди маводи мухаддир вуҷуд доштааст ва ӯ бо ҳамтои покистониаш барномаи дусолаи маҳви он коргоҳҳоро баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG