Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар андешаи манъи воридоти рустаниҳо аз Тоҷикистон


Хабаргузории “Интерфакс” мегӯяд, мақомоти Русия моҳи оянда масъалаи манъи воридоти маҳсулоти рустанӣ аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Ӯзбакистонро бо мақомоти ин кишварҳо баррасӣ хоҳад кард. Сергей Данкверт, мудири “Росселхознадзор”-и Русия гуфтааст, кишвараш метавонад, воридоти ингуна маҳсулот дар бордону ҷомадонҳои дастиро аз ҳарсе кишвар мамнӯъ кунад, зеро воридоти растаниҳои зиёновар ба Русия зиёд шудааст. Ба гуфтаи ӯ аз соли 2011 аз ҷумла аз Тоҷикистон 228 мавриди овардани рустаниҳое сабт шудааст, ки овардани онҳо ба Русия манъ аст. Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Озарбойҷон ҳамчунин бузургтарин таъминкунандагони Русия бо хушкмева ҳастанд.
XS
SM
MD
LG