Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳунарманди "беадаби" озариро раҳо карданд


Раҳбари як гурӯҳи ҳунарии рок дар Озарбойҷонро, ки модари раиси ҷумҳур Илҳом Алиевро дашном додааст, баъди 10 рӯзи зиндон раҳо кардаанд. Камол Алӣ, аз гурӯҳи Булистон гӯё дар як раҳпаймоии ҷавонон модари раиси ҷумҳури Озарбойҷонро носазо гуфтааст. Ду ҳамроҳи дигараш аз даста Нотиқ Комилов ва Эътибор Салмонлӣ ҳам баъди ҳукми даҳрӯзаи зиндон озод шудаанд. Ҳамаи онҳоро бо гуноҳи авбошӣ чунин ҷазо додаан.
XS
SM
MD
LG