Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори қурбониён дар Сурия аз 9000 гузашт


Роберт Серрӣ

Роберт Серрӣ

СММ мегӯяд, шумори қурбониёни як соли ошӯбҳои Сурия аз марзи 9000 гузашт. Роберт Серрӣ, фиристодаи СММ дар умури сулҳи Ховари Миёна ба Шӯрои Амният гуфт, ин рақам бар пояи бароварди “мӯътамад”-и қурбониёни саркӯбии ошӯбҳои зидди режими Башор Асад ба даст омадааст. Бо ин ҳол, Сурия тарҳи фиристодаи хоси СММ ва Лигаи Араб дар Сурия Куфӣ Аннон барои хатми низоъ дар ин кишварро пазируфтааст. Тарҳи Аннон, ки аз сӯи Шӯрои Амният низ тасвиб шудааст, ба хатми билофосилаи хушунат, дастрасии созмонҳои имдодӣ ба манотиқи муҳосирашуда ва ба муколама байни давлат ва мухолифин даъват мекунад.
XS
SM
MD
LG