Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли фармондеҳи ҲИУ дар Форёб


Ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон дар вилояти Қундузи Афғонистон (акс аз бойгонӣ)

Ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон дар вилояти Қундузи Афғонистон (акс аз бойгонӣ)

Дар ин амалиёт, ки дар минтақаи Ширин Тагоби вилояти Форёб сурат гирифт, силоҳбадастон сарбозонро бо оташ пешвоз гирифтанд, вале дар бархӯрди мусаллаҳона Махдум ва чанд тан аз ошӯбгарон ба қатл расида, ду силоҳбадасти дигар дастгир шудаанд.

Сухангӯи нерӯҳои нерӯҳои байналмилалӣ капитан Ҷастин Броккоф дар ин бора гуфт: “Раҳбари ошӯбгарон-Махдум мақоми баландтарини Ҳаракати Исломии Узбакистон дар хоки Афғонистон буд. Ӯ масъули ҳамлаҳо болои нерӯҳои афғон ва эътилоф дар манотиқи шимолии Афғонистон дар давоми ҳашт моҳи гузашта будааст. Тибқи ахбори расида, ӯ дар шаҳри Кобул тарҳрезии ҳамла болои вакилони парламенти Афғонистонро ба нақша гирифта буд.

Капитан Броккоф бовар дорад, ки маҳви раҳбари ин гурӯҳи тундгаро имконоти Ҳаракати Исломии Узбакистон дар шимоли Афғонистонро заиф хоҳад кард.

Ҳаракати исломии Узбакистон созмони террористӣ буда, бо Толибон ва ал-Қоида равобит барқарор кардааст. Ин созмон масъули чандин ҳамлаи террористӣ дар шимоли Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG