Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркманистон ду ҳизби нав ташкил хоҳанд кард


Мақомот ваъда додаанд, ки дар Туркманистон ба зудӣ ду ҳизби нави сиёсӣ ташкил хоҳад шуд. Ин иқдом ба яккатозии ҳизби демократи раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов поён хоҳад дод. Муовини сарвазир Сафардурдӣ Толиев гуфт, омодагиҳо ба таъсиси аҳзоби аграрӣ ва соҳибкорӣ идома дорад. Интихоботи ояндаи парлумони Туркманистон бояд соли оянда доир шавад.
XS
SM
MD
LG