Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гонорар"-и доварони футболи Тоҷикистон афзуд


Гонорар ё ҳаққи заҳмати доварони футболи бозиҳои лигаҳои олӣ ва якум, инчунин, мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони Тоҷикистон дар мавсими нав зиёд карда шуд.

Бар асоси муқаррароти нави Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба сардовари сабқати лигаи олӣ барои як бозӣ 500 сомонӣ пардохт мешавад, ки ин маблағ нисбат ба мусобиқаи порсола 200 сомонӣ зиёд аст.

Ба иттилои мақомоти Федеросиюни футболи Тоҷикистон, имсол маблағи гонорари доварону нозиронро Лигаи миллии футболи Тоҷикистон пардохт хоҳад кард. Бошгоҳҳои футбол бошанд, танҳо харҷи сафари кории онҳоро мепардозанд.

Гонорари доварони футбол барои як бозӣ
дар мавсими соли 2012-ум:


Лигаи олӣ
Сардовар – 500 сомонӣ
Ёварони сардовар – ба ҳар кадом 300 сомонӣ
Довари эҳтиётӣ – 150 сомонӣ
Нозири бозӣ – 400 сомонӣ

Мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонон
Сардовар – 75 сомонӣ
Ёварони сардовар – ба ҳар кадом 50 сомонӣ
Нозири бозӣ – 60 сомонӣ

Лигаи якум
Сардовар – 250 сомонӣ
Ёварони сардовар – ба ҳар кадом 150 сомонӣ
Нозири бозӣ – 200 сомонӣ

Ба гуфтаи Раҳмон Муртазоев, беҳтарин довари Тоҷикистон дар соли 2011-ум, гонорари сардоварон барои як бозии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи бартари Туркманистон 150 доллар, Қирғизистон - 200 доллар, Узбакистон - 500 доллар, Русия 3000 доллар мебошад.
XS
SM
MD
LG