Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабек Охуновро ба бемористон бурдаанд


Раиси ширкати хонасозии “Мовароуннаҳр”-ро барои муолиҷа ба дармонгоҳи амрози равонӣ фиристодаанд. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Ҷӯрабек Охунов ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ҷиҳати эъзоми ӯ ба бемористони амрози равонӣ тасмим гирифт. Ҷӯрабек Охунов аз моҳи ноябри соли 2010 бо иттиҳоми фиреб додани муштариёне, ки барои харидани манзилҳои нав ба “Мовароуннаҳр” пул додаанд, дар боздошт қарор дорад. Табибон бояд акнун дар зарфи як моҳ вазъи Охуновро дар дармонгоҳ ташхис кунанд, ки оё ба идомаи табобати ӯ ниёз ҳаст ё на.
XS
SM
MD
LG