Пайвандҳои дастрасӣ

Боришоти зиёди барфу борон ва роҳҳои баста сокинони баъзе аз навоҳии Бадахшонро ба камбуди ғизову доруворӣ рӯбарӯ кардааст.

Ба гуфтаи сокинони Мурғоб дар ин ноҳия нархи маводи сӯхт боло рафта, доруворӣ низ намерасад. Сокинони деҳоти дурдасти ноҳияҳои Ишкошиму Шуғнон ва Роштқалъа ҳам аз камбуди маводи ғизо шикоят доранд.

Дар ҳамин ҳол, субҳи рӯзи 27-уми март тавассути чархбол аз ҷониби хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ба ноҳияи Мурғоб доруворӣ интиқол шуд. Ба гуфтаи сарпизишки бемористони ноҳия, Тағойбек Ғазибеков, дар ҷавоб ба дархосташон дар мавриди ниёзи шадид ба дорувории зарурӣ хадамот зиёда аз 200 кило дорувориро дар ихтиёрашон қарор додааст.

Ҳамчунин ду бемори вазнин барои идомаи табобат бо чархбол ба шифохонаи шаҳри Хоруғ фиристода шудаанд. Масири Хоруғ-Душанбе боз шудааст, вале бинобар тангу камбар будани роҳи кушодаи миёни тармаҳо ва хавфи ҳар лаҳза басташавии роҳ аз селу тарма ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ хеле кам ба назар мерасад.

Ҳаммолон (боркашонҳо)-и бозори Хоруғ, ки аз фаровардани бор даромад мегиранд, мегӯянд, анқариб 10 рӯз боз омадани комюнҳои борбарро интизоранд.
Ба иттилои ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон роҳи нақлиётӣ ба сӯйи маркази ноҳияи Роштқалъа нав боз шуда, роҳҳо ба сӯйи Ишкошим ва Мурғоб ҳамоно баста мемонанд.

Ҳамчунин вазиши сахти бод болопӯши бархе аз манзилҳои истиқоматиро дар ноҳияи Шуғнон ба замин андохтааст. Аммо зимистони имсола на фақат мардумро ба мушкилот мувоҷеҳ кард, балки бар асари хушксолии соли гузашта ва камбуди хӯроки чорво хавфи талаф ёфтан ба онҳо низ таҳдид мекунад. Ба ноҳияи Шуғнон ва Ишкошим аз ҳисоби захираҳои давлатии ҷумҳурӣ коҳи хушк кӯмак шудааст. Намояндаи ноҳияи Шуғнон гуфт, ба сокинони ҷамоати деҳоти Вер зиёда аз 10 тонна коҳ тақсим гардид. Ба гуфтаи сокинони деҳот, аммо ҷиҳати зиёд будани шумораи ниёзмандон ин "тӯҳфаи наврўзӣ" якдарзагӣ ба дасташон расидаасту халос.

Тибқи овозаҳо ин кӯмаки ғайриоддӣ дар ҷавоб ба дархости интернетии чанд тан аз сокинони ноҳия, ки аз мушкилоти чорвопарварон шикоят карданд, расонда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақоми вилоятӣ дар нишасти матбуотӣ нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзии соли гузаштаро беҳтар ва баландтар дар муқоиса ба солҳои қаблӣ арзёбӣ намуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG