Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти Лигаи Араб дар Бағдод


Дар Бағдод нишасти Лигаи Араб оғоз ёфт. Ироқ барои бори аввал дар беш аз 20 соли охир мизбони чунин нишаст шудааст. Тибқи барнома, имрӯз вузарои молияву тиҷорат ва фардо вузарои хориҷаи давлатҳои арабӣ ҷаласа ороста, сарони кишварҳо дар Бағдод рӯзи панҷшанбе гирди ҳам хоҳанд омад. Аммо маълум нест, ки дар нишасти Бағдод оё чанд тан аз сарони 22 кишвари узви лигаи Араб ширкат хоҳанд кард. Вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зиборӣ бо ишора ба танишҳо бар сари Сурияву Эрон гуфт, ин нишаст дар як даврони муҳим оғоз ба кор мекунад. Мақомоти Ироқ ба хотири таъмини амнияти нишаст беш аз 100 000 сарбозу пулисро дар Бағдод басиҷ кардаанд.
XS
SM
MD
LG