Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Обама бо Гелонӣ дар Сеул


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ҳошияи анҷумани ҳастаии Сеул бо сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ мулоқот кард. Роҳҳои оддӣ сохтани танишҳо байни ин ду шарики мушкил дар ҷанг алайҳи террор мавзӯъи асосии ин дидор будааст. Мулоқоти Обама ва Гелонӣ тамос дар баландтарин сатҳ байни Исломободу Вошингтон дар пайи қатли раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден дар як соли пеш маҳсуб мешавад. Покистон дар хокаш аз сӯи нирӯҳои вижаи Амрико кушта шудани Бин Лоденро таарруз ба истиқлоли худ мехонад. Ҳалокати 24 сарбози покистонӣ дар як ҳамлаи ҳавоии моҳи ноябри НАТО таниши байни ду кишварро боз ҳам шадидтар кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG