Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пайванд" - радиои панҷум рӯи амвоҷи ФМ дар Хуҷанд


Дар шаҳри Хуҷанд шабакаи радиоии “Пайванд” ба пахши озмоишии барномаҳояш дар мавҷи ФМ оғоз кард. Ин радио марбут ба телевизиони мустақили СМ-1 аст, ки аз соли 1998 дар шимоли Тоҷикистон фаъолият мекунад. Мудири СМ-1 Акрам Урунов ба “Азия Плюс” гуфтааст, озмоиши пахши барномаҳои радиои “Пайванд” рӯи мавҷи 100,6 сурат мегирад ва барои кор дар ин шабакаи нав 15-20 нафар истихдом хоҳанд шуд. Қарор аст, “Пайванд” аз 16 апрел ба пахши муттасили барномаҳояш, ки 18 соат дар шабонарӯз хоҳад буд, шурӯъ кунад. Феълан дар Хуҷанд рӯи мавҷи ФМ 5 радио барнома пахш мекунанд.
XS
SM
MD
LG