Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як фармондеҳи ҲИУ дар Афғонистон


Нирӯҳои НАТО эълон карданд, ки як фармондеҳи аршади Ҳаракати исломии Узбакистон аз сӯи нирӯҳои эътилоф дар шимолуғарби Афғонистон кушта шуд. ISAF гуфт, нирӯҳои вижаи афғон ва НАТО Махдум Нусрат ва чанд ҷангии дигари ин гурӯҳи марбут ба шабакаи Ал-Қоидаро рӯзи душанбе дар вилояти Форёб куштаанд. Махдум баландпоятарин чирикии Ҳаракати исломии Узбакистон дар Афғонистон маҳсуб мешуд ва бовар меравад, ки дар чанд ҳамла алайҳи нирӯҳои афғону эътилоф ва сӯъиқасд ба ҷони як вакили парлумони Афғонистон даст дошт. Ҳаракати исломии Узбакистон як гурӯҳи мамнӯъи мазҳабист, ки барои таъсиси хилофати исломӣ дар Осиёи Марказӣ мубориза мебарад.
XS
SM
MD
LG