Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани серӯзаи ҳастаӣ дар Сеул ба поён расид


Раҳбарони ҷаҳон дар изҳороти ниҳоии нишасти ҳастаии Сеул ҷиҳати иқдомоти шадид барои набард бо таҳдиди терроризми ҳастаӣ ваъда супурданд, вале рӯи кадом тадобири тозае дар ин замина тавофуқ накардаанд. Ин изҳорот ҳифзи маводи ҳастаӣ ва нарасидани чунин мавод ба дасти террористҳоро “масъулияти аслӣ”-и тамоми кишварҳо номида, меафзояд, “терроризми ҳастаӣ яке аз таҳдидҳои умда ба амнияти байналмилалӣ боқӣ мемонад.” Нишасти Сеул гуфт, муқобила бо ин таҳдид “тадобири шадиди кишварҳо”-ро тақозо мекунад. Дар меҳвари мулоқотҳои ҳошияии анҷумани Сеул барномаҳои ҳастаии Кореяи шимолӣ ва Эрон қарор дошт, вале ин масоил ба рӯзномаи ин ҳамоиши серӯза ворид нашуд.
XS
SM
MD
LG