Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти панҷуми RECCA ё Конфронси минтақаии ҳамкориҳои иқтисодӣ барои Афғонистон бо нашри санаде таҳти унвони "Эъломияи Душанбе" ба кори худ поён дод.

Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Залмай Расул, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон зимни натиҷагирӣ аз кори нишасти панҷуми RECCA, онро дар амри бозсозии Афғонистон ва ҷалби сармоягузорӣ барои тарҳҳои минтақаӣ муҳим арзёбӣ карданд. Аз ҷумла зикр шуд, 17 тарҳи мушаххас мавриди таъйиди ин конфронс қарор гирифтааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин замина гуфт, "бовар дорем, ки Эъломияи Душанбе ба ҳайси қадами навбатӣ дар пешбурди ҳамкориҳои минтақаӣ ва барқарории сулҳу субот ва эҳёи иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон ва рушди минтақаӣ саҳми худро гузошта метавонад."

Бар асоси Эъломияи Душанбе тарҳҳое назири сохтмони роҳҳои оҳан, аз ҷумла миёни Эрон, Покистон, Туркманистон ва Афғонистону Тоҷикистон, ҳамчунин таъмир ва эҳдоси роҳҳои мошингарди миёни ин кишварҳо ва дохили Афғонистон, ба шумули бозсозии туннели Соланг, кашидани хатҳои интиқоли барқ бар асоси тарҳи CASA-1000 ва бунёди нерӯгоҳҳои барқи кӯчак сармоягузорӣ хоҳанд шуд.

Дар банди 9-и Эъломияи Душанбе бунёди хатти интиқоли газ аз Шибирғон тавассути Мазори Шариф ба Колхозобод (Ҷалолиддини Румӣ)-и Тоҷикистон тазаккур дода шудааст, ки тӯли ин лӯла 235 километр дар дохили Афғонистон ва 110 километр дар дохили Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар бандҳои дигари ин санад ҳамчунин роҷеъ ба тарҳҳои омӯзишу парвариш барои Афғонистон, муқобила бо паёмади офатҳои табиӣ ва ҳамгироии Афғонистон бо кишварҳои минтақа дар ҷиҳати рушди шабакаи мухобиротӣ таъкид шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Залмай Расул, вазири корҳои хориҷии Афғонистон низ Конфронси панҷуми RECCA-ро муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, бо гузашти бештар аз даҳ сол ҳанӯз ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа дар фикри Афғонистон ҳастанд ва аз кӯмак ба ин кишвар дар барқарории сулҳу бозсозии Афғонистон хаста нашудаанд. Ҷаноби Расул афзуд, "ин конфронс ба таври истисноӣ муҳим буд. Хосса аз он назар, ки ин конфронс дар як марҳилаи фавқулода ҳассос тадвир шуд, зеро қароре, ки медонед, ду сол баъд қувваҳои байналмилалӣ вазифаи ҷангишон дар Афғонистон тамом мешавад ва Афғонистон тамоми масъулияти аминятии худро ба дасти худ хоҳад гирифт. Аз ин ҷиҳат ҳам конфронси 5-уми RECCA муҳим буд."

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Афғонистон дар посух ба ин пурсиш, ки оё суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон дар тасмимгириҳои ин нишаст таъсир дошт ё хайр, гуфтанд, ки Эрон аз ҳама қарорҳои ин конфронс пуштибонӣ кард ва омодагии худро барои татбиқи ин тарҳҳо эълон намудааст. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон дар нишасти ифтитоҳии ин конфронс гуфт, роҳи ҳалли қазияи Афғонистон ихроҷи ҳарчи сареъ (зуд)-и нерӯҳои НАТО аз ин кишвар мебошад.

Ин дар ҳолест, солҳо ба ин сӯ роҷеъ ба тарҳҳои минтақаӣ, аз ҷумла хатти интиқоли барқ ва роҳи оҳан миёни кишвраҳо сӯҳбат мешавад. Аз ҷумла, феълан ширкатҳои Тоҷикистон, як хатти дигари интиқоли нерӯи барқ аз Сарбанд то Қундуз ва Бағлону Пули Хумриро омода кардаанд. Вале Тоҷикистон нерӯи барқе барои содир кардан ба ин кишварро надорад. Тарҳи роҳи оҳани миёни Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон низ аз чанд сол ба ин сӯ баҳс мешавад, вале кори амалии омӯзиши он то ҳол оғоз нашудааст.

Ба назари коршиносон, ин кишварҳо барои иҷрои ин тарҳҳо ба шиддат ба сармоягузории хориҷӣ, фанноварӣ ва техника ниёз доранд. Аммо таҳлилгарони умури Афғонистон бидуни бозгашти суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон анҷоми ин тарҳҳоро ё номумкин ё беҳуда медонанд. Раҳматулло Абдуллоев, мудири шуъбаи Афғонистон дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Тоҷикистон мегӯяд: "Шоҳиди он будам, ки беҳтарин корхонаи коркарди пашм аз сӯи Олмон сохта шуд, аммо дар ду соли ҷанг ин корхона комилан аз байн рафт. Аз сӯи кишварҳои дигар ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам тарҳҳое сохта шуда буд, ки ҳоло аксаран аз онҳо нишон намондааст. Яъне, дар баробари пешниҳоди тарҳҳои мушаххаси иқтисодӣ бояд ба роҳҳои таъмини субот, бахусус ба роҳҳои ҳалли сиёсӣ низ ҳамзамон андеша кард ва тадбир ҷуст."

Конфронси панҷуми минтақаии ҳамкории иқтисодӣ ду рӯз дар шаҳри Душанбе идома дошт. Дар ин конфронс раисони ҷумҳури Афғонистон, Эрон, Покистон ва намояндагони бештар аз 50 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ дар сатҳи раисони ҷумҳур, вазирони умури хориҷӣ ва ё муовинони вазир ширкат доштанд. Маҳалли баргузории нишасти шашуми RECCA дар конфронси Душанбе таъйин нашудааст.
XS
SM
MD
LG