Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист хонавода дар Ёвон ба ҷойи амн кӯчиданд


Ҳудуди 20 оилаи наздики лағжиши кӯҳ дар деҳоти Кончӣ ва Бӯстони ноҳияи Ёвон ба ҷои дигар кӯчонида шуданд. Як бошандаи ин деҳот зимни тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, кӯҳи болои деҳаи Кончӣ фуруд омада, аз оби чашмаву барф кӯли баландиаш тақрибан 15-метрае ба вуҷуд омадааст, ки бар асари боришоти эҳтимолӣ метавонад "сари бод" 100 оиларо дар роҳи худ пахш кунад. Ба қавли ӯ, мақомоти ноҳия ва кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар маҳалли ҳодиса буданд, аммо то ба ҳол чорае наандешидаанд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ аз эҳтимоли афзоиши офатҳои табиӣ дар кишвар ҳушдор дода буданд, ки бар асари боришоти зиёди имсол дар кишвар ба вуқӯъ хоҳанд пайваст.
XS
SM
MD
LG