Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии “Хуҷанд” бар мунтахаби ҷавонони Қирғизистон


Дастаи футболи "Хуҷанд" бар тими ҷавонони Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд.

Дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, ки рӯзи 7-уми апрел оғоз меёбад, бар тими мунтахаби ҷавонони Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Ин бозӣ рӯзи 26-уми март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 8 ҳазор тамошогар бургузор шуд.

Хуршед Лутфуллоев, ҳамлагари дастаи меҳмонон, дар дақиқаи 20-уми дидор ҳисобро боз кард. Вале дар нимаи дувуми бозӣ мизбонон ду гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд.

Соҳиб Ҳакимов дар дақиқаи 48-ум ҳисобро баробар намуд. Баъди 10 дақиқа Пирмурод Бурҳонов голи ҳалкунандаро ба самар расонд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG