Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали паҳлавонони тоҷик дар Маскав


Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи Маскав ҷои дувумро соҳиб шуд.
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи Маскав ҷои дувумро соҳиб шуд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ёдбуди Анатолий Харлампиев, яке аз поягузорони гуштии самбо, ки рӯзҳои 25-26-уми март дар шаҳри Маскав баргузор шуд, се медал ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон, аз шаҳри Маскав тавассути телефон ба “Озодӣ” хабар дод, дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки барои бори 33-юм барпо гардид ва яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёфт, варзишгарони 28 кишвар ширкат доштанд.

Ширкаткунандагони мусобиқа дар ду навъи рақобатҳо - самбои варзишӣ (мардону занон) ва самбои размӣ (мардон) қувваозмоӣ карданд.
Дар ин мусобиқа паҳлавонони тоҷик дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ ширкат варзида, соҳиби 2 медали нуқра ва як медали биринҷӣ гардиданд.

Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг ҷойи дувумро касб кард ва бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар ин вазн Ёрбулат Бойбатирови қазоқ ғолиб гашт. Артур Мавлияров ва Иля Туҳфатуллин (ҳарду аз Русия) ҷойҳои севумро гирифтанд.
Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён низ дар вазни то 82 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт. Иля Коковичи русиягӣ мақоми аввалро аз они худ кард. Ҳамватани ӯ Сергей Рябов ва Камол Холмаматови узбакистонӣ дар ҷойҳои севум қарор гирифтанд.

Гуштигири тоҷик Мустафо Ҳасанов дар вазни то 68 кг севум шуд ва медали биринҷӣ ба даст овард. Денис Давидови русиягӣ низ дар ҷойи севум қарор гирифт. Владимир Беляков ҷойи аввал ва Никита Клетсков (ҳарду – Русия) ҷойи дувумро касб карданд.

Дар сабқати мардон оид ба самбои варзишӣ мизбонон – паҳлавонони Русия дар ҳафт вазн – Василий Караулов (52 кг), Аслон Мудранов (62 кг), Владимир Беляков (68 кг), Алӣ Курзев (74 кг), Иля Кокович (82 кг), Виктор Осипенко (90 кг) ва Алсим Черноскялов (100 кг) ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд. Дар ду вазни дигар гуштигири Булғористон Александр Вахавяк (+100 кг) ва намояндаи Қазоқистон Ёрбулат Бойбатиров (57 кг) ғолиб омаданд.
XS
SM
MD
LG