Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон муҳокимаи пурсарусадое оғоз мешавад


Имрӯз муҳокимаи 37 нафаре шурӯъ мешавад, ки онҳоро ба барангехтани ошӯбҳо дар шаҳри нафтхези Жанаозени Қазоқистон муттаҳам мекунанд. Дар бархӯрдҳои рӯзи 16 декабр дар ин шаҳр дасти кам 14 нафар кушта шуданд. Пулиси Қазоқистон мегӯяд, баъди ҳамлаи тазоҳургарон маҷбур шуданд ба сӯи онҳо тир андозанд. Ошӯбҳо дар Жанаозен, баъди тазоҳуроти кормандони ширкатҳое нафтие ба вуқӯъ пайваст, ки онҳоро барои коршиканӣ аз кор ронда буданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз давлати Қазоқистон хостаанд, муҳокимаи шаффофу одилона баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG