Пайвандҳои дастрасӣ

Попи Рум вориди Куба шуд


Попи Рум, пешвои масеҳиёни ҷаҳон Бенедикти ХVI, имрӯз вориди Куба шуд, ки танҳо 14 сол пеш попи собиқ Ҷон Пол аз он кишвар дидан кардааст. Попи Румро, дар фурудгоҳи шаҳри Сантяго зери навои мусиқӣ Раул Кастро, раиси ҷумҳури Куба пешвоз гирифт. Ӯ қабл аз вурудаш ба ин кишвар гуфт, дигар низоми коммунистӣ ба дарди Куба намехӯрад. Барои ҳузур дар ниёиши дастаҷамъии Попи Рум даҳҳо ҳазор нафар ҷамъ меоянд. Камтар аз 10 дар сади мардуми Куба католик ҳастанд.
XS
SM
MD
LG