Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Иттиҳодияи Араб дар Ироқ шурӯъ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Бағдод пойтахти Ироқ нишасти сарони Иттиҳодияи Араб шурӯъ мешавад. Ироқ дар тӯли бештар аз 20 сол чунин нишастеро мизбонӣ накарда буд. Ҳушёр Зибарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ, ба хабаргузории Ассосиейтед Пресс гуфтааст, бо назардошти танишҳо бар сари Сурияву Эрону кишварҳои дигари Халиҷи Форс, ин нишаст “дар замони ҳаётӣ” баргузор мешавад. Ҳамид Маҷид Мӯсо, дабири кулли Ҳизби Коммунист ва узви собиқи порлумони Ироқ, дар ин бора мегӯяд: “Ироқ бо ин нишаст ва барқарории муносиботи оддӣ бо кишварҳои арабӣ манфиат хоҳад гирифт. Мо умедворем ин равобит на мавсимӣ, балки наздику босубот хоҳад буд, ки ингуна равобит ба нафъи ҳамаи мо аст.“ Ба гуфтаи таҳлилгарон, нишасти серӯза фурсати хубе барои Ироқ аст, ки бозигари сиёсӣ буданаш дар ҷаҳони арабро собит кунад. Ҳузури раҳбарони кишварҳои арабӣ дар ин нишаст, муввафақият барои Ироқ маҳсуб мешавад, зеро раҳбарони аксаран суннимазҳабӣ кишварҳои арабӣ аз давлати шиъамазҳаби Ироқ дурӣ меҷӯянд. Ба гуфтаи Ҳушёр Зибарӣ шояд раҳбари 8 кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб дар нишаст ширкат кунанд. Ироқ барои омода шудан ба нишаст, барои таъмири роҳу хонаҳо 400 миллион доллар сарф кардааст.
XS
SM
MD
LG