Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарди сари дигари мудири собиқи IMF


Додгоҳе дар Фаронса расман ба таҳқиқи аъмоли Домини Страус Кан, мудири пешини Сандуқи Байналмилалии Пул шурӯъ кардааст, ки ба парвандаи як ҳалқаи танфурӯшон робита мегирад. Вазири собиқи молияи Фаронсаро расман ба ҷиноят муттаҳам накардаанд, вале баъди моҷароҳои қаблӣ ӯ ба дарди сари наве гирифтор шуд. Доминик Страус Кан мегӯяд, дар чанд маҳфил дар шаҳрҳои Лил, Порис ва Вашингтон бо заноне вохӯрдааст, вале намедонист, ки онҳо танфурӯш будаанд.
XS
SM
MD
LG